Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 тонна гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардид

Дар анбори нигаҳдории маҳсулот ё сардхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 27 тонна гӯшти мурғи пастсифат ошкор гардид. Гӯшти мурғ бо мақсади истифода дар сехҳои ҳасиббарорӣ нигаҳдорӣ мешудт. Дар ин бора котиби матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Номбурда афзуд, ки дар доираи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни санҷиши сардхонаи номбаршуда  нигаҳдорӣ шудани 27 тонна гӯшти мурғи пастсифат ва бидуни борпечи кафолатдиҳандаи бехатарӣ, ки истеъмолкунанда тавонад оид ба сифати маҳсулот маълумот гирад, дарёфт карда шудааст.

«Ин миқдор бори бесифат ба се соҳибкор-сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, бо мақсади коркард дар коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб бе риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ нигаҳдорӣ мешуд»,-иброз намуд Акбар Шарифӣ.

Маҳсулоти гӯштии дарёфтшуда барои муайян кардани сифат ва кафолатнокии бехатарӣ ба се мақомоти ваколатдори назораткунанда, аз ҷумла Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Маркази ташхиси озуқаворӣ дар вилояти Суғд пешниҳод шудааст. Дар вақти ташхис мутахассисони ҳар се мақомот маҳсулоти гӯштиро барои истеъмол номутобиқ арзёбӣ кардаанд.

Акбар Шарифӣ зикр кард, ки аз рӯи далелҳои ошкоргардида маводи зарурии тафтишӣ  тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба мақомоти Прокуратура ирсол карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: