БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парчами давлатӣ бо сутунпояи 54 метр бунёд карда мешавад

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 1,2 гектар Парчами давлатӣ бунёд мегардад, ки баландии сутунпояи он 54 метр хоҳад буд. Дар майдон гулгашту фаввораҳо ва  нишастгоҳу суҳбаткадаҳо сохта шуда, барои сокинон ва меҳмонони ноҳия шароити хуби истироҳат фароҳам оварда мешавад.

     Роҳбарияти вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба ин ноҳия бо ҷараёни бунёдкорӣ шинос гардида, барои бо сифати хуб ба охир расонидани корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба масъулин супоришҳо доданд.

Аз ҷумла, зимни муаррифии лоиҳаи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Ғафуров сохта мешавад, дастур дода шуд, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд таҳти назорати масъулин қарор дода шуда, барои истироҳату фароғати шаҳрвандон макони хуб омода гардад.

Раиси вилоят ҳамзамон бо корҳои таҷдиду бозсозии Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров, бунёди бинои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, корхонаи истеҳсоли асбоби рӯзгор шинос шуда, барои вусъат додани корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Tags: