ТВТ.23.08.2022. «Иқтисоди рақамӣ» — таҳти чунин унвон воситаи таълимии омӯзгорони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Силмон Мавлоназаров, Исматуллои Шерхон ва Раҳмоналӣ Одинаев, ки муаллифони воситаи таълимӣ мебошанд, дар китоб масъалаҳои тиҷорати электронӣ, технологияи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷиро таҳлил намудаанд.
Дастури мазкур ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буда, бахшҳои ҷанбаҳои моделҳо ва механизмҳои татбиқи намудҳои асосии тиҷорати электронӣ, системаҳои пардохтҳои электронӣ, усулҳои муосири таъмини амнияти иттилоотиро дар бар гирифта, инчунин дар он мисолҳо ва хусусияти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар маркетинги электронӣ ва таблиғоти интернетӣ баррасӣ шудаанд.
Дар муқаддимаи дастур таъкид мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати татбиқи хизматрасониҳои электронӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳим аст. Бинобар ин рушди бозори хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла, нақш ва мавқеи он дар рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқи комилан нави илмию амалӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, дар воситаи таълимӣ татбиқи амалии технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ дар заминаи омӯзиши бозори хизматрасониҳои электронӣ чун асоси рушди минбаъдаи иқтисодиёти рақамӣ муҳим арзёбӣ шудааст. Воситаи таълимӣ на танҳо системаи мафҳумҳои асосиро оид ба иқтисодиёти рақамӣ дар бар мегирад, балки тавассути қисми амалӣ ба рушди тафаккури муосири иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Воситаи таълимию методии «Иқтисоди рақамӣ» барои омӯзиши рушди иқтисодиёти рақамӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ пешбинӣ шуда, барои донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёни соҳаи идоракунӣ, иқтисодиёт ва менеҷмент, илмҳои компютерӣ ва иттилоотӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»