Барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор шуд

Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандон мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳии он Раиси Кумитаи  идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода  ва сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров сухан гуфтанд.

Раиси Кумита Ориф Хоҷазода  иброз намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, барои тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

«Аз соли 2019 баргузор шудани мусобиқаи варзишии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» яке иқдомҳои  муҳими варзишӣ буда, он барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни мамлакат ба варзиш мусоидат мекунад.

Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шурӯъ аз соли гузашта дар ин мусобиқа иштирок намуда, қобилияти худро ншон медиҳанд.

Сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров гуфт, ки ҳамасола 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад. Дар остонаи таҷлили ин сана ташкил гардидани мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» иқдоми шоиста мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: