5 декабри соли равон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хуррам Дастгир Хон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
АМИТ "Ховар"