Дар Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд

Дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард менамояд.

Аз партовҳои полиэтилении коркардшуда дар ҳаҷмҳои гуногун лӯлаҳои обгузар истеҳсол шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд. Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода,  ин иқдоми пешгирифтаи соҳибкорон барои беҳдошти муҳити зист ва нест намудани партовҳои полиэтиленӣ мусоидат менамояд.

Ба сокинон барои ҳар килограмм партовҳои полиэтилении ҷамъовардашуда маблағи муайян пардохт карда мешавад. Ин тамоюл ҳавасмандии алоқамандонро афзун намуда, ба ин васила амнияти экологӣ дар муҳити зист таъмин мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: