6 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Маҷлиси миллӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласа соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
«Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5 август аз соати 08-00 то соати 17-00 ва 6 август аз соати 07-00 то 08-00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум ба қайд гирифта мешаванд», — омадааст дар иттилоия.
Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 221-89-35.
АМИТ «Ховар»