Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии мамлакат.
Тибқи рўзномаи ҷаласа аъзои Шўро 11 масъала, аз ҷумла 4 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзои Шўрои Маҷлиси миллӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, онҳо барои баррасӣ ба иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Худи ҳамин рўз, тибқи дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии масъалаҳои дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда, ки баргузории он 6 августи соли 2020 дар назар аст, идома дода шуд.
Аъзои Шўро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шўроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд
АМИТ «Ховар»