Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ– намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи якҷоя сухан гуфта, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимзода Қ.», «Дар бораи аз вазифаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобозода Ш.», «Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Хоҷазода Ориф Ашўрӣ», «Дар бораи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Заробиддин Қудрат» қироат намуд.
Вобаста ба фармонхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чониби ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ва Файзуллозода Заробиддин Қудратро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳояшон ба вазифаҳои сатҳи баланди давлатӣ – аъзои Ҳукумати кишвар таъйин намудаанд ва имрўз аз ҷонибдории комили аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархўрдор гардиданд, самимона табрик гуфта, дар фаъолияти рўзмарраашон баҳри хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон комёбиҳои беназир таманно намуд.
АМИТ «Ховар»