Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вакилони мардумӣ дар иҷлосия лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон », «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нақшаи ҳудудии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидулло Ашрафзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, вакилони мардумӣ Иброҳим Абдуллозода, Баҳодур Акрамзода, Тоҳир Ҷобирзода, Толибхон Азимзода иброз намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосия муҳокимагардида барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосия баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АМИТ «Ховар»