«Сатҳи бемории COVID-19, ки миёнаҳои моҳи май ба авҷи баландтарини худ расида буд, охири моҳи июн то ба 15 маротиба коҳиш ёфт. Марг аз ин беморӣ 27 маротиба кам шуд», — гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ.
Ҷамолиддин Абдуллозода тавзеҳ дод, ки дар Тоҷикистон паҳншавии ин беморӣ то андозае ба эътидол омадааст.
Илова бар ин, вай илова намуд, ки дар мамлакати мо тамоми шароити зарурӣ барои расондани ёрии тиббӣ ба беморони гирифтори COVID-19, аз ҷумла доруҳо, лавозимоти муҳофизатӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ мавҷуданд.
Дар мавриди боэътимодии тестҳо барои муайян намудани коронавирус, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарҳ дод, ки дар оғози пандемия дар Тоҷикистон эътимоднокии тестҳои COVID-19 60% -ро ташкил медод. Бо рушди таҷрибаи мутахассисони соҳаи тиб — вирусологҳо, эътимоднокии онҳо ҳоло 93% -ро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки бо мақсади ташхиси саривақтии COVID-19 дар сатҳи лабораторӣ ба Тоҷикистон 183,600 адад экспресс – тестҳо, аз ҷумла аз Чин — 110,000, аз Россия — 27,000, аз Кувайт — 25,000 ва аз Ӯзбекистон — 21,600 оварда шуда буданд.
АМИТ «Ховар»