Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ду кӯчаи марказии Душанбе ба муддати як сол қатъ карда мешавад

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ду кӯчаи марказии Душанбе ба муддати як сол- аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2016 то охири сентябри соли 2017 муввақатан қатъ карда мешавад. 
Қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода (аз майдони 800-солагии Маскав то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М. Турсунзода то кӯчаи Бухоро) ва кӯчаи Амирхусрави Деҳлавӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А. Адҳамов) ба оғози корҳои сохтмону навсозӣ дар роҳҳои мошингарди кӯчаҳои мазкур иртибот дорад.
Вобаста ба оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар роҳҳои мошингарди кӯчаҳои мазкур, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешад.

АМИТ «Ховар»

Tags: