Дар Тоҷикистон қонуни хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ қабул мегардад

Интизор меравад, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» қабул гардад. Лоиҳаи қонуни мазкур 24 октябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Зикр шуд, ки самти асосии масъалаҳои баррасишуда ба таҳкими волоияти қонун дар кишвар ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа нигаронида шудааст.

Tags: