Муваффақияти ҳама гуна ҳизб ба фаъолияти пурсамар ва содиқонаи ҳар як узви он иртибот дорад. ҲХДТ дар ин мавзӯъ курси омузишӣ доир намуд

Имрӯз дар дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  курси омӯзишӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони масъули ҲХДТ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки курси омӯзишӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки намояндагони ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун ва шаҳри Турсунзода баргузор карда шуд.

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода дар оғози курси омӯзишӣ зикр кард, ки «муваффақияти ҳама гуна ҳизб ба фаъолияти пурсамар ва содиқонаи ҳар як аъзои он иртибот дорад. Мо бояд ҳамеша аз ниёзҳои мардум огоҳ бошем ва дар ҳалли мушкилоти эҳтиёҷмандон кумак расонем».

Инчунин зикр гардид, ки имрӯзҳо вазъияти сиёсӣ дар саросари ҷаҳон мураккаб шуда, хислати зудтағйирёбандагӣ ба худ касб кардааст. Ин воқеаҳо ба рушду пешравии мамлакати мо низ бетаъсир нахоҳад буд. Зарур аст, ки фаъолияти худро вобаста ба таҳаввулоти замони муосир мутобиқ созем. Таваҷҷуҳи худро ба ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ равона сохта, барои зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам орем. Танҳо дар ҳамин ҳолат метавонем ҳизби пешқадами ҷомеа бошем.

Дар идома роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов дар мавзӯи «Роҳҳо ва усулҳои муосири ҷалби электорат дар интихобот», мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов дар мавзӯи «Халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимият», мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён дар мавзӯи «Тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар интихобот»,  устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазифа ва кори мушоҳидони миллӣ дар ҷараёни интихобот» маърӯза намуданд. Дар курси омӯзишӣ ичунин нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ тавзеҳ дода шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: