Ҷаласаи нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид

Дирӯз бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷаласаи нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва савдои беруна дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ба вазифаҳои афзалиятноки рушди СҲШ бо мақсади рафъи оқибатҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии пандемияи коронавируси COVID-19, пешгирии таъсири манфии он ба амният ва суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона карда шуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр кард, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти кам кардани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ натиҷабахш мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти сари вақт роҳандозии чораҳои зиддибуҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ба 4,2 фоиз баробар шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавии иқтисодиро баррасӣ карда, аз ҷумла оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисоди рақамӣ ва сармоягузорӣ дар фазои СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, туризм, кишоварзӣ, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ таъкид намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: