Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.
Барои вохӯрӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди мардум ҷамъ омада, Президенти мамлакатро бо самимияти беандоза пазироӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ишкошимро бо дастовардҳо ва ҷашнҳои бузурги умумимиллии барои халқи тоҷик муқаддас - 19 -умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз он изҳори қаноат кард, ки мардуми сарбаланди ноҳия бо татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гаштаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тадбирҳои анҷомдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри пешрафту тараққиёти ноҳия таъкид намуд, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим 155 иншооту биноҳои таъиноти гуногун ба маблағи умумии 70 миллион сомонӣ сохта шудааст. Бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ барои 1800 ҷойи нишаст, зиёда аз 51 километр хатти оби нӯшокиву полезӣ, нерӯгоҳи барқи обӣ дар деҳаи Лангар, таҷдиди таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии Намадгут, хатти интиқоли барқ бо зеристгоҳи 35 киловолтаи Птуп – Вранг, азнавсозии зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим, хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи Бизмичи шаҳри Хоруғ то зеристгоҳи Андароби ноҳияи Ишкошим ва дигар иншооти навбунёд аз ҷумлаи дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибихтиёрии кишварамон ба ҳисоб мераванд.
Барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ 230 миллион сомонӣ сарф шуда, дар се соли оянда аз ҳамин ҳисоб бо мақсади идомаи корҳои ободониву созандагӣ боз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин ба маблағи қариб як миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ амалӣ гардидаанд. Дар маҷмуъ дар биступанҷ соли сипаришуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, 325 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қабули Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошимро барои солҳои 2016-2020 аз тадбирҳои муҳим дар самти таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон маънидод кард. Барномаи зикршуда 134 лоиҳаро дар бар гирифта, барои татбиқи онҳо 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 67 миллиони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ишкошим супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар чораҳои мушаххас андешанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ишкошим аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 26 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи беш аз 9 миллион сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақша соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ се бинои нави таълимӣ ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Илова бар ин, дар се соли оянда, яъне дар солҳои 2017-2019 ба маблағи даҳуним миллион сомонӣ сохтмони боз се муассисаи таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Ишкошим низ солҳои охир ба таври назаррас афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда соли ҷорӣ зиёда аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1992-ум 600 баробар зиёд мебошад.
Президенти мамлакат инчунин ба масъулини вилоят ва ноҳия дастур дод, ки аз имкони бахши сайёҳӣ, табиати зебоманзар, чашмаҳои шифобахш ва мавзеъҳои таърихӣ барои ҷалби сайёҳон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Ишкошим дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон минбаъд низ бо заҳмати софдилона ноҳияи худро ободу зебо гардонида, дар пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Сокинони шукргузори ноҳияи Ишкошим дар назди Сарвари давлат суханронӣ карда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои созанда, таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мардум ва дигар ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.