Интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сино як шабонарӯз қатъ мешавад

Бо сабаби  пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар иншооти «Маркази барқу  гармидиҳии 2» интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино- маҳаллаи Комсомол аз соати 22:00 рӯзи 13 март  то соати 24:00 рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба имзо расида, тибқи он раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: