19 декабр дар Масқат муовини Сарвазири Салтанати Уммон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии давлати мо паёми расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Султони Уммон Қобус бин Саид ба мусоҳиби худ супорид.
Дар вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба байни ду давлат ва таҳкими баъдии он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардида, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бароранд ва барои расидан ба ҳадафҳои воло тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Акс аз ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»