Аз 1 январи соли 2020 то моҳи сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 5500-солагии Саразм гӯшаи намоиши ёдгориҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи Саразм, ки ба феҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин бора директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм» эълон гардид. 31 июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи «Мероси фарҳанги умумибашарӣ» шомил шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар мулоқоти худ бо аҳли зиёи мамлакат, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод намуданд, ки соли 2020 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррифи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар ошёнаи якум оид ба таърихи бостоншиносии Саразм, ки ганҷинаи миллии мероси халқи тоҷик аст, гӯшае бо аввалин бозёфтҳо аз ин макони таърихӣ фаъолияти доимӣ дорад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни таърихӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон ният дорад, ки гӯшаи намоишгоҳро васеъ намояд. Ҳамчунин то санаи таҷлили ҷашни мазкур аз ҷониби кормандони осорхона тадқиқоти химиявии ҳар як ашёи бозёфтшуда гузаронида шуда, амсилаи як бинои Саразм сохта ва ба намоиш гузошта мешавад».
Бояд тазаккур дод, ки яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи эниолит ва аввали асри биринҷи Тоҷикистон деҳшаҳри Саразм мебошад. Он дар километри 15 –уми самти ғарбтари шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, зиёда аз 100 гектарро дар бар мегирад ва таърихи 5500-сола дорад.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин табарчаи мисин, ки аз ҷониби А. Тайлонов соли 1976 дар ин мавзеъ пайдо гардида буд, ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин ҷо ашёи сангӣ низ мавҷуданд, ба монанди нӯги найза, зарфҳои хурди сангӣ ва зарфи калоне, ки аз санги мармар сохта шудааст. Инчунин муҳри гилин, сарсӯзанҳо, санг барои майда кардани донагиҳо, ки бо сифати баланд сохта шудаанд.
Агар тамошобин ба ин гӯша хуб назар кунад, пай мебарад, ки саразмиҳо барои ороишот аз сангҳои ақиқу лоҷувард, нуқраю фирӯза истифода бурда, зевару муҳраҳо, дастмона ва ҳар гуна ашё месохтаанд. Ин намунаи бозёфтҳои заргарӣ аз қабрҳои дар Саразм ёфтшуда мебошанд, ки аз суннати гӯркунии аҳди биринҷ дарак медиҳанд.
Деҳшаҳри Саразм яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли фулузот ба ҳисоб мерафт. Мис, нуқра, қӯрғошим, қалъагӣ, дудамаи биринҷӣ, сӯзанҳои биринҷӣ, оинаи биринҷии дастадор, қӯрғошими дар шакли қадкардашуда, ки 10-кг-ро ташкил медиҳад, инчунин қӯрғошим дар шакли нимдоира, 2 чангаки биринҷӣ, ки аз рушди моҳидорӣ дар Саразм шаҳодат медиҳанд, далели хеле ривоҷ ёфтани ин соҳа мебошанд.
Зикр шуд, ки саразмиҳо ба кишоварзӣ ва чорводорӣ низ машғул будаанд.
Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки дар Осорхона бозёфтҳои он давра дар аксҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Маҳорати санъати тасвирӣ дар ин сафолпораҳо ва пораи деворнигораи мунаққаш бо тасвири чалипо (свастика) инъикос ёфтааст, ки он рамзи ориёиҳост.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки шаҳрвандонаш дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки намоиши муваққатии бозёфтҳои Саразми бостониро дар тамоми осорхонаҳои мамлакат ташкил намояд. Он имкон медиҳад, ки насли имрӯза аз гузаштаи пурғановати хеш воқиф гардад.
Саразм қадимтарин манзилу маскану шаҳраки ниёгонамон ба ҳисоб рафта, ҳамчунин аввалин ёдгории кишоварзону чорводорон, ҳунармандону меъморон дар таърихи мардуми ориёинажод мебошад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»