Аз 15 то 18 июни соли равон дар шаҳри Чиндаои музофоти Шандони Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Тавре манбаъ хабар дод, дар намоишгоҳи молҳои содиротии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тӯли 3 рӯз идома меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунад.
«Мақсад аз ширкат дар ин намоишгоҳ- муаррифӣ намудани молҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорон мебошад»,-хабар доданд аз Палатаи савдо.
АМИТ "Ховар"