Қоҳир Расулзода: «Дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ба 7,8 % баробар шуда, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардид»

«Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодии давраи гузариш ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид. Мо танҳо аз соли 2000 ба марҳалаи рушд ворид гардида, пешрафти босуботи иқтисодиётро дар заминаи низоми иқтисоди бозаргонӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳибкорию сармоягузорӣ таъмин намудем»,- изҳор намуд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 «Рушди истеҳсолоти миллӣ- имконияти нави сармоягузорӣ», ки дар пойтахти кишвар ҷараён дорад.
Ба маълумоти Қоҳир Расулзода, дар натиҷаи татбиқи стратегияву барномаҳо ва нақшаву чорабиниҳо дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 % баробар шуда, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардид.
Боиси зикр аст, ки имсол соли сеюм аст, ки Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти сарпарастӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.
Ҳадафи ҳамоиши имрӯза-муаррифии имкониятҳои нави сармоягузории Тоҷикистон, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва саноати коркарди ашёи хоми ватанӣ, мувофиқа намудани имкониятҳои ҳамкории нави минтақавӣ ва истифодаи самараноки «Шоҳроҳи Абрешим», зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бо истифодаи технологияи муосир, дар маҷмӯъ мубодилаи афкор вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Боиси зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Дар доираи он ҳадафҳои стратегияи кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул муайян гардидааст, ки ҳамаи ин баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: