Дар ДМТ конфронси «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» доир мешавад

25-26 ноябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар конфронс кормандони ВАО, устодон, аспирантон ва унвонҷўёни донишгоҳҳои кишвар иштирок ва дар мавзӯъҳои «Фазои иттилоотӣ: таърих, имрўз ва унсурҳои фарогири он», «Фаъолияти ВАО дар партави манфиатҳои геополитикӣ», «Ҷанги иттилоотии муосир ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ», «Амнияти иттилоотӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон» маърӯза мекунанд»,-иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қисмати пленарии конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» соати 10:00 оғоз шуда, баррасии маърўзаҳо дар 3 бахш то соати 13:00 идома меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: