Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

17 ноябр дар Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар умури консулӣ Тамим Ад-Дусарӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки заминаи қарордодиву аҳдномавии муносибатҳои байни ду кишварро 11 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкорӣ таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкории бахши хусусии ду кишвар таъсис ёфт.

АМИТ «Ховар»

Tags: