Нишони рамзии мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкори кишвар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо зиёиёни эҷодкори кишвар интихоб намуд. Дар он нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд.

Рамзи мазкур аз ҷониби як зумра рассомони мамлакат омода шуда, минбаъд ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор истифода мешавад ва зиёиён метавонанд дар чорабиниҳои худ аз он истифода намоянд. Мавриди зикр аст, ки муаллифи рамзи мазкур ва рамзи "Наврӯз-2017" Саррасоми Телевизиони Тоҷикистон Салимшо Пирумшо мебошад.

Tags: