Сомон Маҳмадбеков бо ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ сарфароз гардонида шуд

Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи ХVIII  Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ноибони Президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов варзишгари маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбековро аз номи Кумитаи миллии олимпии мамлакат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ намуданд.

Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ба ифтихори ин варзишгари маъруфи мамлакат ҳайати Ассамблеяи генералии Тоҷикистон аз ҷой бархеста, барои дастоварди баланди варзишии Сомон кафкӯбӣ намуданд.

Зимни қадрдонии ин паҳлавони  маъруфи  тоҷик ноиби Президенти Кумитаи олимпии мамлакат Шамсулло Соҳибов барои сабқатҳои минбаъда ва иштирок дар мусобиқоти гуногуни ҷаҳонӣ ба ин варзишгари маъруф комёбӣ таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар Марокаш ҳамаи рақибонашро шикаст дода, медали тилло ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: