Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода дар шаш моҳ 28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 ҳолат зиёд мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис 138 тонна маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ муайян гардид, ки аз он 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми воридотӣ аз Қазоқистон мебошад. Ин миқдор орд дар асоси хулосаи комиссия барои хӯроки чорво равон карда шуд.
Директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода Пулод Мирализода изҳор дошт, ки мутахассисон дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдои мамлакат ҷиҳати таъмини либоси ягонаи махсус ва нишони сарисинагии ҳайати хизматрасон ва бо талаботи моддаи 624-и КҲМ ҶТ дар 74 ҳолат соҳибкоронеро, ки аз иҷрои ин қоида сарпечӣ намудаанд, ба маблағи 18 975 сомонӣ ҷарима карданд.
Ҳамчунин дар ин давра бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» 505 адад нуқтаҳои хизматрасониро бо шаҳодатномаи хизматрасонӣ таъмин карда, бахши баҳодиҳии мутобиқати марказ дар асоси дархости соҳибкорон 321 адад сертификати мутобиқат барои маҳсулоти дохилӣ додааст.
АМИТ «Ховар»