28 сентябр дар Женева бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Дар ҳамоиши идона ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои мамлакат, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар ҳамоиши идона Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳамияти Истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ, инчунин дар бораи дурнамо ва ҳамкории судманди фарогир байни Тоҷикистону созмонҳои байналмилалӣ ва Конфедератсияи Швейтсария ҷалб намуд.
Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меҳмонони воломақом, аз ҷумла роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Швейтсария, ташкилоту идораҳои байналмилалӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳни (WIPO) дар шаҳри Женева иштирок намуданд.