Соли 2020 дар Тоҷикистон, чун дардигар кишварҳои ҷаҳон Барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзилдоир карда мешавад. Вобаста ба ин маъракаи муҳим бо қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо идораи минтақавии Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА) машғулияти омӯзишии 10 -рӯзаро оид ба истифодаи таҷҳизоти мобилӣ барои ҷамъоварии маълумот бо дастрасии маҷмӯи барномаҳои CSPro дар платформаи Android оғоз намуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, машғулияти мазкур аз 17 то 27 июни соли равон гузаронида мешавад. Ин машғулият дар доираи омодагии давлатҳои Аврупои шарқию Осиёи Миёна ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ дар солҳои 2019-2022 ба нақша гирифта шудааст. Ба он дар баробари 10 нафар кормандони мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мутахассисони мақомоти омори ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, CSPro (Census Processing Sistem – системаи коркарди маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва таҳқиқотҳо) – ин маҷмӯи барномаҳои истифодаи умум барои воридкунии маълумот, коркард, тайёр кардани ҷадвалҳои бароришӣ, дастрас намудани маълумоти барӯйхатгирӣ ва таҳқиқотҳо мебошад. Мақомоти омори миллӣ аз истифодаи таҷҳизоти мобилӣ барои ҷамъоварии маълумот натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда, дастовардҳои дигар давлатҳои пешрафтаро оид ба ҷамъоварии маълумотҳои барӯйхатгириҳо ва таҳқиқотҳо меомӯзанд.
Бояд гуфт, ки машғулият бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфузи Созмони Миллали Муттаҳид ва кумаки техникии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Мутахассисони дар омӯзиш иштирокдошта дониши гирифтаи худро дар корҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии навбатӣ ва таҳқиқотҳои дар давлати худ гузаронидашаванда, бо истифодаи таҷҳизоти мобилӣ истифода менамоянд. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми машғулият ба ҳар як иштирокчии он сертификат дар бораи гузаштан аз курси омӯзишӣ тақдим карда мешавад.
АМИТ «Ховар»