Кормандони милитсияи Душанбе зимни амалиёти «Корд» аз ҷавонон ва ноболиғон силоҳи сард дарёфт карданд

Тавре қаблан иттилоъ додем,  аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар  шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии  ҷинояткорӣ дар байни  ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон бо истифода аз силоҳи сард, предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда  дар ҳудуди пойтахт баргузории амалиёти пешгирикунанда бо номи шартии «Корд»  идома дорад. Зимни гузаронидани амалиёти навбатӣ, ки он аз 14 октябр инҷониб сурат гирифт, аз дасти  як зумра ҷавонону ноболиғон силоҳи сард, предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда дарёфту мусодира гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти  Раёсати  мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  кормандони милитсияи пойтахт дар давраи гузаронидани амалиёти мазкур   тибқи талаботу шартҳои он   амал намуда, дар натиҷа ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз сокинони шаҳр – Ином Амиршоеви 23-сола (сокини кӯчаи Миралӣ-7/1)  як адад кастет, Сиёвуши Лоиқзодаи 24-сола (кӯчаи Клагенфурт, бинои 3/2, ҳуҷраи 71, пеш бо моддаи 237 қ.3 КҶ ҶТ (авбошӣ) суд шудааст) як адад корд,  Саидмумин Нодирҷони 24-сола  (кӯчаи Назаршоев, хонаи 404)  як адад корд, Субҳон Аюбови 24-сола ( кӯчаи Қубодиён,   хонаи 120, маҳаллаи Навободи пойтахт)  ду адад корд, Ҷаҳонгир Мабурови 19-сола (кӯчаи А.Навоӣ, бинои 37, ҳуҷраи 57) як адад корд ва  Ҳамзалии Умарзоди 29-сола (сокини ноҳияи Восеъ, ҷамоати Х.Раҷабов)  як адад корд дарёфту мусодира намуданд.

Боиси таассуф аст, ки зимни гузаронидани ин амалиёт  аз ҷайби донишҷӯён низ  чунин олоти ба ҳаёти атрофиён хатарзо  дарёфт  ва мусодира гардиданд. Аз ҷумла, аз донишҷӯи бахши 1-уми факултаи иқтисодии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуповаи шаҳри  Душанбе Наҷмиддин Наҷмиддинов,  донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  Ҳомид Абдуллоев   як ададӣ корд (финка) дарёфт ва мусодира карда шуд.

 

Барои бо худ гардонидани корд ва дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда нисбат ба  4 нафар шаҳрвандони дар боло зикршуда дар асоси Қарори Суд ба муҳлатҳои аз 5 то 7 шабонарузӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд. Нисбат ба  дигарон суд  қарорҳои дахлдор  хоҳад баровард.

Илова бар ин, зимни гузаронидани амалиёт аз ҷайби як нафар хонандаи синфи 11-и  МТМУ №31 ноҳияи Шоҳмансур  як адад воситаи махсуси барқдиҳанда – Электрошокер, аз  хонандаи синфи 10 «В»-и Литсейи иқтисодӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе як адад дастачӯби оҳанин (дубинка), аз ҷузъдони хонандаи синфи 7 МТМУ №92-и ноҳияи Сино як адад корд (финка), аз ҷайби хонандаи синфи 11-и МТМУ №81-и ноҳияи Сино як адад корд (финка) дарёфт ва мусодира гардид.

Барои зоҳир намудани бепарвоӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  нисбат ба  волидайни ноболиғон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати татбиқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида  мешаванд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки бо дархости сокинони шаҳр ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон, махсусан бо истифода аз силоҳи сард,  баргузории амалиёти «Корд» дар ҳудуди пойтахт идома  меёбад.

 

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сокинони шаҳр муроҷиатнома қабул кард. Дар муроҷиатномаи мазкур, аз ҷумла чунин  матлаб омада буд: «Натиҷаҳои баргузории амалиёти шартии «Корд» дар ҳудуди пойтахт нишон дод, ки новобаста аз баргузории чорабиниҳои профилактикӣ, огоҳ кардани ҷавонону ноболиғон аз пайомадҳои вазнини муноқиша ва авбошиҳои бо истифода аз корду ашёи сард содиршаванда ҳанӯз ҳам онҳо  ин  олотро бо худ мегардонанд. Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми падарону модарон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори пойтахт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди пешгирии бо худ гардонидани корд ва дигар воситаҳои махсус аз ҷониби ноболиғону ҷавонон саҳми худро гузоранд.

Муҳтарам падарону модарон!

Фарзандони худро пайваста таҳти назорат қарор дода, нагузоред, ки бо содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ шаъну шарафи оиларо паст зада, ояндаи дурахшони хешро доғдор созанд. Аз ин рӯ, пайваста  фарзандонро зери назорат нигоҳ доред, бояд бо кӣ ва дар кадом доира   дӯстӣ доштани  онҳоро донед. Зеро тибқи таҳлилҳои тафтишотӣ, аксар вақт баҳсу нофаҳмиҳои ночиз оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, махсусан содиршавии ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва одамкушӣ бо истифода аз корд оварда мерасонанд, ки дар натиҷа чандин нафар ҷавонону наврасон маҳбасӣ мешаванд».

АМИТ «Ховар»

Tags: