Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд тавонистанд чаҳор шаҳрвандро, ки якеашон қариб 14-сола буд, дар назди соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд аз марг наҷот диҳанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Пайраҳадорони канори дарё сокинони 14 – сола ва 18 – солаи шаҳри Истаравшан, сокини 18 – солаи ноҳияи Ашт ва сокини 23 – солаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғдро, ки зимни оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ мешуданд, аз марг наҷот доданд», — зикр менамояд сарчашма.
Онҳо дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ мекарданд. Ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд ва аз бистарӣ шудан дар беморхона даст кашиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар 7 моҳи соли равон дар дарёҳо ва обанборҳои мамлакат 93 нафар ба ҳалокат расида, 43 нафар наҷот дода шуданд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бори дигар аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар назди обанборҳо ва дарёҳо ба кӯдакон диққати махсус дода, онҳоро беназорат нагузоранд.
АМИТ «Ховар»