Сатҳи фарҳангу маънавиёти ин ё он миллат аз ғановати осорхонааш ҳувайдост. Осорхона танҳо махзани ёдгориҳои бостонию нодир нест, балки оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон чун дастоварди муҳиму фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар дар кори пуршарафи гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ, ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори моддию маънавӣ хизмат мекунад.
Ба гуфтаи Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода: «Ҳар миллате, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ мехоҳад боқӣ бимонад, бояд решаҳои таърихию фарҳангии пешиниёни хешро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешрафти худ қарор бидиҳад, аз он сабақ бигирад ва дар ин асос барои наслҳои оянда заминаи бунёдии фарҳангию маърифатӣ ва иҷтимоию иқтисодиро ба мерос бимонад. Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон имкониятҳои хуби пешбурди корҳои ҷамъоварию нигаҳдорӣ, илмию таҳқиқотӣ ва оммавию маърифатӣ мавҷуд буда, экспозитсияи он дар асоси нақшаи мавзӯӣ-экспозитсионӣ, ки дар илми осорхонашиносии муосир камназир мебошад, сохта шудааст».
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, №1094 таъсис ёфта, дар осорхона 22 толори намоишӣ мавҷуд аст. Дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба тамошо гузошта шудаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла, «Корд»-туҳфа аз Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин, «Амсилаи Каъба», «Порае аз Кисва (парда)-и Хонаи Худо (Каъба)-туҳфаи Арабистони Саудӣ, «Лаълӣ»- туҳфаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзиана Ингакан, «Шамшер»-туҳфа аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, «Гулдони шишагин», «Армуғон», «Рангдон», «Ромби шишагӣ»-туҳфаҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Шоҳкарим Оғохони 4, «Шамшер»-туҳфа аз собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҷопон Ғ. Бобозода, «Гулдон»-туҳфа аз директори Хадамоти амнияти федеролии Русия Н.К. Патрушев, «Лаълӣ»-туҳфаи Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка дар Тоҷикистон С.С. Вирасурия, «Ордени Пётри Кабир»-туҳфа аз Академияи бехатарии Федератсияи Русия, «Табақи заррандуд»-туҳфа аз Ҷумҳурии Туркия, «Ҷоми нуқрагин»-туҳфа аз собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, «Армуғони нуқрагин»-туҳфа аз Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, «Ҷоизаи махсуси СММ»-туҳфа аз СММ, «Табақ ва гулдони чубин»-туҳфа аз собиқ Президенти Украина Леонид Кучма, «Амсилаи Регистони Самарқанд»-туҳфа аз собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, «Қаламдон»-туҳфаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ашван Сингха, «Аспи рамзӣ»-туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ғайра туҳфаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сарварон ва дигар роҳбарони воломақоми давлатҳои ҷаҳон ба Президенти кишвар туҳфа карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷашни Наврӯзи соли 2013 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 1173 адад ёдгории таърихӣ эҳдо шуд, ки дар байни ёдгориҳои мазкур як дафина ва сиккаҳои тиллоӣ аҳамияти хоса доранд. Аз ҷумлаи сиккаи юнонӣ, Искандари Мақдунӣ (июли соли 356-июни соли 323 то милод), сиккаи римӣ, Антониус Пий (86-161), сиккаи Кӯшонӣ-Васудева (тахминан солҳои 166-200), сиккаи Кӯшонӣ Хувишка (тахминан солҳои 131-166), динори Аббосӣ, ал-Мутассим (соли 222 ҳ.қ\838), динори Алвалӣ Муҳаммад аз номи Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ (соли 363 ҳ.қ\975), динори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (соли 418 ҳ.қ/1028), динори Муҳаммад Султон ибни Текеш(1200-1220), сиккаи Хуқанд, тилло соли 1247 ҳ.қ /1860 ва ғайра.
Ҳамарӯза тамошобинони зиёд-сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ аз толори туҳфаҳо дидан намуда, аз тамошои он ғизои маънавӣ мегиранд.
АМИТ «Ховар»