Аз 10 то 17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба бокс дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он варзишгарони навраси тоҷик иштирок намуда, сазовори ду медал гардиданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 239 нафар варзишгарон аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар ба АМА сафарбар гардида, дар 11 вазн муҳориба карда, соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардиданд.
Медали тиллоро Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54 кг ба даст овард. Абдураҳим дар ду даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кувайт ва Бутан, дар нимфинал бар намояндаи Эрон ва дар финал бар варзишгари Қазоқистон ғалаба карда, унвони чемпиони Осиё миёни наврасонро соҳиб гардид.
Хотиррасон менамоем, ки медали нуқраро дар ин мусобиқот Абубакр Муродов дар вазни 52кг сазовор гардид. Ӯ дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо гардид, вале дар финал аз варзишгари Қазоқистон мағлуб шуд.
АМИТ «Ховар»