10 ноябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Шӯрои палатаҳои Арабистони Саудӣ ва раиси Палатаи тиҷорат ва саноати шаҳри Риёз Аҷлон ибни Абдулазиз Ал-Аҷлон доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, инчунин роҳҳои таҳкими робитаҳо байни бахшҳои хусусии ду кишвар баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар»