Рӯзи умумиҷаҳонии шеър идест, ки ҳамасола 21 март таҷлил мегардад. Ин ид аз ҷониби ЮНЕСКО (идораи СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) бо қарори Иҷлосияи 30 –юми конфронси генералии ин ташкилот 15 ноябри соли 1999 қабул карда шудааст. Чунонки дар қарори ЮНЕСКО қайд гардидааст: “Ҳадафи таъсиси ин ид – бахшидани набз ва эътирофи нав ба ҳаракатҳои шоиронаи байналмилалӣ ва музофотӣ мебошад”.
Нахустташаббуси таъсиси расмии Рӯзи шеър ба охирҳои солҳои 1930 дахл дорад. Соли 1938 дар иёлати амрикоии Огайо бо ташаббуси шоира Тесси Суизи Уэбб дар зодрӯзи шоири Рими қадим Вергилия Рӯзи шеър эълон карда шуд. То соли 1998 ин рӯз аз ҷониби сию ҳашт иёлати ИМА ва ҳамчунин кишвари Мексика эътироф шуда, ҳамчун Иди миллии шеър таҷлил карда мешуд. Баъдан ин рӯз дар дигар кишварҳо низ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии шеър таҷлил меёфт.
Соли 1998 бо пешниҳоди Марокаш кумитаи иҷроияи Ассамблеяи ЮНЕСКО масъалаи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии шеърро мавриди назар қарор дода, гузаронидани онро дар кишварҳои гуногун тавсия намуд. Ин аст, ки аввалин рӯзҳои шеър ҳанӯз то эълони расмии ЮНЕСКО гузаронида шуданд. Дар Москва, ҳамчунин дар Париж, Брюссел ва якчанд пойтахтҳои дигари дунё аввалин Рӯзи шеър 21 марти соли 1999 гузаронида шуд.
Аввалин тантанаи расмии Рӯзи умумиҷаҳонии шеър дар Париж, дар шаҳре, ки идораи ЮНЕСКО дар он ҷо воқеъ гардидааст, барпо шуд. Ин суханон, ки “Шеър калидест ба олами мафтункунандаи инсоният” ба директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова таааллуқ доранд.
“Шеър, -гуфта мешавад дар қарори ЮНЕСКО, — метавонад ҷавобе бошад ба ҳама масъалаҳои тезу тунд ва амиқи рӯҳонии инсони муосир. Аммо барои ин зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҳарчи бештару васеътари ҷомеа ба он нигаронида шавад.”
Шеър дар тӯли асрҳо бо эҳсосот ва андешаҳои фароомада дар қолаби мӯъҷази шоирона роҳ ба дили мардум ёфта, ба онҳо ёдовар мешавад, ки мо инсонҳои рӯи замин ҳама як хонаводаи бузургем ва бо вуҷуди гуногунӣ ба ҳамдигар сахт монандем. Шеър аст, ки кишварҳо, халқҳо ва фарҳангҳоро муттаҳид месозад.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии шеър таваҷҷуҳи моро ба таъсири сеҳрноки каломи бадеъ, ки дар инсон самимитарин эҳсосоти инсонӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯро бедор месозанд, ҷалб менамояд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Рӯзи умумиҷаҳонии шеър дастгирӣ аз гуногунрангии забонҳо ва изҳори ҳавасмандӣ ба забонҳои азбайнраванда тавассути шеър аст. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии шеър сафарбар шудааст, ки ба нашрияҳои кӯчак имкони зуҳуроти бештаре бидиҳад, зеро асосан бо кӯшишҳи онҳо эҷодиёти шоирони муосир, маҳфилҳои адабӣ, ки баранда ва нигаҳдорандаи сухани сеҳрноки шоирона ҳастанд, суннату анъанаҳои суханвариро нигоҳ медоранд.
Бо раҳнамоии ЮНЕСКО Рӯзи шеър ҳамчунин ба такомули шеъри муосир, бозгашт ба суннатҳои лафзии шеърхонӣ, тадриси шеър, барқарорсозии робита байни шеър ва дигар намудҳои фарҳанг, амсоли театр, рақс, мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва ҳамчунин мусоидат ба муносибати мусбати нашрияҳо бо шеъри асил мусоидат мекунад.
Чунин меҳисобанд, ки аз ҳама қадимтарин шеър – сурудаҳо дар асри 23-и пеш аз мелод ба вуҷуд омадаанд, ки мансуб ба шоира — коҳина Эн – ҳеду – ана, духтари шоҳи аккад Саргон мебошад, ки кишвари Ур (Эрони имрӯзӣ) –ро забт карда буд. Эн-ҳеду –ана дар ситоиши Худои маҳтоб Нанна ва духтари ӯ – ситораи субҳ Инанна таронаҳо сурудааст.
Оё шумо метавонед ҳаёти инсоният, хусусан миллати моро бидуни шеър тасаввур кунед? Бе табрикоту тантанаҳои шоирона, бе суруд, бе аллаҳои модар, бе таронаҳое, ки моро таскин медиҳанд, раҳнамоӣ мекунанд, бе ҳарфҳое ки дар онҳо дарду армону умедҳоямон баён мешаванд, бе шеъри Рӯдакиву Саъдиву Ҳофиз…? Он гоҳ ин ҳаёте хоҳад буд бе эҳсос, бе ҳаяҷон, бе муҳаббат, бе неруи сухан, ки маҳз дар шеър бо ҳама эъҷоз, рӯшанӣ ва ҷилои умедҳо зуҳур мекунад, сухане, ки рӯйро сурху сарро баланд ва чашмро пур аз сиришк мегардонад. Аз ин рӯ чунин ақидае ҳаст, ки ҳар кас шеърро надонад, зебоиро намешиносад.
Дар зиндагиву фарҳанги мардуми тоҷик шеър як узви ҳамешагӣ ва пайванд бо ҳаёти маънавии халқ аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд халқи тоҷик табиатан шоир аст, ё коми тоҷиконро бо сухан бардоштаанд. Вожаи шеър аз оғоз пайванди қавӣ бо таъриху асотиру дини мо доштааст. Китобҳои муқаддаси гузаштагони мо, аз ҷумла “Авасто” ба тариқи таронаҳо суруда шудаанд. Ин аст, ки бузургтарин нобиғагони олами шеър дар ин сарзамини суханпарвар ба дунё омадаву падидаҳои дурахшони шеъри оламро ба вуҷуд овардаанд ва ҳатто бисёр андешаҳои илмиву фалсафиву иҷтимоии худро дар қолаби шеър ба инсоният пешкаш кардаанд.
Имрӯз низ ҳаёт ва рӯзгори мардуми моро наметавон бе шеър тасаввур кард. Аввалин ҳарфе, ки модар ба гӯши тифл мегӯяд, суруди модаронаи ӯ, шеъри модар аст. Тамоми суннату маросим ва ҷашнҳои миллии моро низ шеър ва суруд орову маъно бахшидаанд. Шеър дар рӯзгори мардуми мо на танҳо воситаи баёни армонҳо, воситаи баёни ҳунару санъат аст, балки нақши бузурги тарбиявиву дидактикӣ низ мебозад. Яке аз воситаҳои асосии таълиму тарбия дар мактабҳо ва зиндагии хонаводагии мо шеър аст.
Метавон далелҳои зиёди дигареро овард, ки нақши боризи шеърро дар рӯзгори тоҷикон гувоҳанд. Баъзе аз суннатҳое, ки дар байни мардуми тоҷик аз қадимулайём то ба ҳол маҳфуз мондаанд, асос медиҳанд бигӯем, ки мардуми тоҷик мардуме мебошанд, ки бо шеър ба дунё омадаву бо шеър онро падруд мегӯянд ва ин низ як далели зотан шоир будани халқи мост. Чунончӣ, имрӯз ҳам дар Бадахшон вақте тифл ба дунё меояд, мардум дар он хонадон ҷамъ омада, суруди “лалайик” месароянд, ки аслан ҳамон лолоии модарона аст. Ва ҳангоме ки инсон аз дунё дармегузарад, низ мардум ӯро сурудхонон аз хона мебароранд ва ба роҳи охират гусел мекунанд, ки ин суруд “даргилик” ном дорад, яъне суруди дард аст.
Имрӯз дар замони соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани кишвар ва сарзамини муқаддасамон, мо шоҳиди нақши бузурги сухан ва шеъру суруд дар ин замони тақдирсоз гардидаем. Мо мушоҳида кардаем, ки шеър ва шоир пешгоми ҳодисот ва ҷомеа дар ин замони ҳассос гардидаанд. Нақши боризи шеърро хусусан дар худшиносии миллӣ, ангезиши муҳаббату ифтихори Ватан ва ватандорӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, дар бунёди Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии халқи тоҷик наметавон инкор кард. Ситоиши озодиву истиқлолият, тарғиби дӯстӣ ва ягонагии инсонҳо, сурудани бунёдкориву ободкориҳо ва падидаҳои дигари дурахшони замон аз ҷониби шоирони ватандӯсти рӯз нақши муҳими худро дар маънавиёти замони нав ва тарбияи ғояҳои баланд, хусусан дар байни насли наврас мегузорад.
Хеле ҷолиб ва рамзист, ки Рӯзи шеър маҳз ба 21 март, яъне рӯзи бузургтарин ва шоиронатарин ҷашни миллии мо- Наврӯзи Аҷам рост омадааст. Ин ду сана бо ҳам тавъамонанд ва ҳамдигарро комил мекунанд, зеро Наврӯз бе шеър ва шеър бе Наврӯз вуҷуд надоранд. Зеро Тоҷикистон ватани шеъру суруд, Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»