10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии Студияи нави сайёри телевизионӣ, ки аз технологияи муосири соҳавӣ таркиб ёфтааст, иштирок намуданд.
Студияи сайёри телевизионӣ аз се мошини калон иборат буда, дар онҳо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳавӣ, ки барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, банду баст гардидааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки студияи мазкур имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати “Full HD”, яъне дақиқияти баланд сабт ва ба таври мустақим пахш намояд. Студия бо 16 камераи касбӣ таъмин буда, 4 адади он ба тариқи фосилавӣ идора карда мешавад.
Ҳамчунин системаҳои сабт ва пешниҳоди барномаҳои Студияи нави сайёр имкон медиҳанд, ки ба барномаҳои телевизионӣ ороиши компютерӣ дода шавад. Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти насбгардида истеҳсоли Япония буда, ин фанноварӣ ба таври мустақим имконият дорад, ки барнома ва намоишҳоро ба маҳвора ирсол намояд. Ба иттилои масъулин, студияи мазкур феълан дар Осиёи Марказӣ назир надошта, он дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дастрас гардидааст.
Студияи сайёри телевизионӣ дорои генератори пуриқтидори барқӣ буда, имконият дорад таҷҳизоти кории студияро бо барқ таъмин намояд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки дар студияи сайёр 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегардад. Як гурӯҳи кормандон аллакай аз курсҳои омӯзишии истифодаи ин технология гузаштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки таҷҳизоти мазкурро самаранок истифода бурда, бо истифода аз ин имкониятҳо, сатҳу сифати пахши намоишу барномаҳои телевизиониро боз ҳам беҳтар намоянд.
Таъмини таҷҳизоти муосири телевизион таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи телевизион буда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат мусоидат мекунад.
Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат як зумра шабакаҳои нави телевизионӣ, аз қабили «Сафина», «Баҳористон» «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» ва «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуда, Академияи Воситаҳои ахбори омма ташкил карда шуд.
Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаҳои телевизионии мамлакат бо дастгоҳҳои муосири сабт, танзим ва пахши барномаҳо таъмин гардида, аз рӯйи формати дақиқияташ баланди HD пахши барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ карда шуд.
Имрӯз барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон на танҳо дар фазои иттилоотии мамлакат, балки дар дигар давлатҳо низ тариқи моҳвора дастрас мебошад. Дар ин радиф телевизионҳои маҳаллӣ низ бо таҷҳизоти зарурии корӣ пурра таъмин гардиданд.
АМИТ «Ховар»