26 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Директори иҷроияи Директорати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ (CTED) Мишел Конинскс вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону CTED-ро дар самти мубориза бо терроризм мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи таҳдидҳои замони муосир ва чолишҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин 26 сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Маъмури Барномаи Рушди СММ Ахим Штайнер мулоқот намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба масъалаи роҳҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Ахим Штайнерро барои иштирок дар Конфронси бахшида ба татбиқи Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», ки дар назар аст соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, даъват намуд.
АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»