ДУШАНБЕИ ДИГАР. То охири сол дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви пойтахт сохтмони 25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар ба анҷом мерасад

Дар хиёбони С. Шерозӣ ва кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе  сохтмони 25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар  идома дорад. Тибқи нақша,  масъулин  тасмим гирифтаанд, ки  то охири соли 2019  сохтмони ин истгоҳҳоро  ба анҷом расонида,  онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Алҳол дар пойтахт  зиёда аз  76 адад истгоҳҳои  муосири  нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода  қарор дода шудаанд. Маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа онҳо  аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замону  шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд. Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иншооти мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани симои пойтахт ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои  шаҳрвандон, ҳамчунин пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат барои сокинону меҳмонони шаҳр бунёд гардидаанд.

Хотиррасон мешавем, ки истгоҳҳои муосир  дар асоси лоиҳаи ҶДММ «ҶиЭм-Партнёр» дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯнамоии намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи истгоҳ Раиси шаҳр ба масъулин дастур дода буд, ки зимни бунёди чунин иншоот ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва истифодаи масолеҳи хушсифати маҳаллӣ диққати махсус дода шавад, зеро  иншооти мазкур солҳои зиёд  бояд ба мардум хизмат намоянд.

Аввалин истгоҳҳои замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт — майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд.

Бо назардошти ҷойгиршавӣ ва шумораи мусофирони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ дар 18 истгоҳ дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва дигар лавозимоти зарурӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

 Тибқи иттилои масъулини сохтмон, зимни бунёди истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ истифода шудааст. Ҳудуд ва атрофи истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли сипаришуда аз ҷониби КВД «Ободонии шаҳри Душанбе» ва ҶДММ «Фарзин»  ба анҷом расонида шуданд.

Бояд гуфт, ки истгоҳҳои наву муосир дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо дарназардошти стандартҳои байналмилалии ҷавобгӯ ба талаботи муосири хизматрасонӣ ва шаҳрсозӣ сохта шуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ мусоидат менамоянд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Tags: