Бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҷумҳурӣ мониторинги амалишавии 66 лоиҳа ба маблағи умумии 36,1 миллиард сомонӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода иброз дошт, Кумитаи мазкур фаъолияти худро дар ин давра ҷиҳати тақвияти раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ равона намуд. Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаш моҳи соли равон мавсуф афзуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2020 бо назардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳаҳо ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 23 лоиҳаи грантӣ, 8 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошад.
Фаррух Ҳамрализода афзуд, ки дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 18,1 миллиард сомонӣ ё 50 фоиз, маблағҳои грантӣ 16,5 миллиард сомонӣ ё 45,3 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,3 миллиард сомонӣ ё 3,6 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғайра 384,5 миллион сомонӣ ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 1,2 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 93 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.
Таъкид гардид, ки аз маблағи умумии зикршуда 341,2 миллион сомонӣ дар соҳаи энергетика, 337,1 милион сомонӣ дар соҳаи нақлиёт, 122,5 миллион сомонӣ дар соҳаи маориф, 97,9 миллион сомонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беш аз 85 миллион сомонӣ дар соҳаи обёрӣ, 83,5 миллион сомонӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 53,6 миллион сомонӣ дар соҳаи молия, 40,2 миллион сомонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, зиёда аз 40 миллион сомонӣ дар соҳаи экология ва ҳолатҳои фавқулода ва 4,1 миллион сомонӣ дар соҳаҳои гумрук ва сайёҳӣ аз худ карда шудаанд.
АМИТ «Ховар»