Имрӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе “Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст намуд.
Роҳбарияти якчанд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар дар бахшҳои сохтмони беҳтарин майдончаи варзишӣ, ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбон, бунёди гулгаштҳо ва сифати корҳо бо мукофотҳои арзишманди пулию молӣ қадр карда шуданд.
Ба ҳар як ғолиби озмун Ҷоиза, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди гулгаштҳо бо «Ифтихорнома» сарфароз гардид.
Сарвари давлат зимни супоридани мукофотҳо ба сифати кори иштирокчиёни озмун баҳои баланд доданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин иқдом агар аз як тараф ба ободонии пойтахти кишвар, зебову дилнишин гаштани кӯчаву хиёбонҳои он мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар тадбири мазкур ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кӯдакон ва ба варзиш машғул шудану обу тоб додани ҷисми онҳо хизмати арзанда мекунад.
Баъди ҷамъбасти озмун роҳбарияти 80 сохтору мақомоти давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаббус гирифтанд, ки аз ҳисоби даромади хеш дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ва насли ояндасози ҷумҳурӣ майдончаҳои варзишии муосир бунёд менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми шоиста баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ дар дигар марказҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бисёр боманфиат аст.
Дар охири кори маҷлиси ҳукумат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дастуру супоришҳои мушаххас доданд.