Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр аз соати 06:00 то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то майдони 800-солагии Маскав, кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Турсунзода то кӯчаи Шероз, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ пурра маҳдуд карда мешавад.
Аз соати 13:00 то 14:00 ва аз соати 16:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Л.Шералӣ, кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ пурра маҳдуд карда мешавад.
Ҳамчунин ҳаракати нақлиёт аз соати 18:00 то 19:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.
9 сентябр аз соати 06:00 то 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Айнӣ, дар кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Шероз, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, дар кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, дар кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Ф.Ниёзӣ то кӯчаи Теҳрон, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Бухоро пурра маҳдуд карда мешаванд.
Аз соати 18:00 то 22:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ пурра маҳдуд карда мешавад.
Ронандагон дар ин рӯзҳо метавонанд аз кӯчаҳо ва хиёбонҳои Мирзо Турсунзода, Карамов, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Р.Набиев, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, Қаҳҳоров, Айнӣ, Назаршоев, А.Дониш, Дӯстии халқҳо, Мастонгулов ва Зебуниссо истифода баранд.
Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.