Дар Душанбе дар арафаи иди Қурбон ҷойхои махсуси забҳи чорво ташкил карда мешавад. Дар ин бораи имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомлӣ ба имзо расид.
Мутобиқи ин қарор ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдои пойтахт супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.
АМИТ «Ховар»