«ҶИЛВАИ РАНГҲО» . Фестивале, ки ба ҳусни Душанбе хоҳад афзуд

Тавре қаблан хабар додем,  тибқи  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»  баргузор мегардад. Дар ин робита, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр барои  баргузории фестивали мазкур   30 750 (сӣ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ   ба суратҳисоби Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ҷудо гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарори дахлдор ҳайати Кумитаи тадорукоти фестивали мазкур  тасдиқ гардид.

Рустами Эмомалӣ муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулини соҳаро  вазифадор намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали «Ҷилваи рангҳо» якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот тибқи Низомномаи он, ки аз ҷониби Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, тадбирҳои дахлдор андешанд.

ДАР АКС: фестивали тобистона дар Душанбе, моҳи августи соли 2018. Акс аз бойгонӣ.
АМИТ «Ховар»

Tags: