Пагоҳ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ироа мегардад

Пагоҳ, 22 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад.
Дар ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ироа мегардад.
Бояд гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мустақиман пешкаш мегардад.

Tags: