Дар вилояти Суғд Фестивали «Оши палав» баргузор мегардад

Моҳи август дар вилояти Суғд  Фестивали «Оши палав» гузаронида мешавад. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги зебоипарастӣ, эҳё, ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ниёгон, рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ гузаронида мешавад.

Фестивали мазкур дар ду давр – сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва сатҳи вилоятӣ доир мешавад. Иштирокдорони он дар бахшҳои «Беҳтарин оши палов», «Ороиши хаймаи беҳтарин», «Дастони моҳир» ва дигар бахшҳо маҳорати худро нишон медиҳанд.

Ба ғолибони бахшҳо аз 1000 то 5000 сомонӣ мукофтпулиҳо тақдим карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: