Намояндагони ширкатҳои муваффақи Қазоқистон ба Тоҷикистон меоянд

Пагоҳ Душанбе мизбони  ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Қазоқистон мегардад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон  аз созмондиҳандагони ҷаласаи мазкур маҳсуб мешаванд.

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва густариши робитаҳои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон  аз ҳадафҳои асосии  ин ҳамоишанд.

Тибқи хабари ба АМИТ «Ховар» расидаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳайати Қазоқистонро дар ҷаласаи дуюми  Шӯрои кории  Тоҷикистону Қазоқистон  қариб 20  ширкату корхонаҳои  тавлидотии  соҳаҳои  хӯрокворӣ, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, металлургия, кимиё, кишоварзӣ, тиб ва фармасевтика намояндагӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар доираи ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон  нишасту вохӯрии соҳибкорон ва доираҳои тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли B2B доир гарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: