Дар Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 ҷаласа баргузор шуд.
Барои иштирок дар кори ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои пудратӣ, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, ки бо Мудирият ҳамкорӣ доранд, даъват шуда буданд.
Тавре аз Мудирият хабар доданд, директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» Манучеҳр Ҷамилзода оид ба масъалаи баррасишаванда маърӯза намуд.
Иштирокчиёни ҷаласа доир ба беҳтар намудани фаъолияти Мудирият, пудратчиён ва он сохторҳое, ки дар омода намудани минтақаи зериобшавандаи «НБО Роғун» иштирок доранд, фикру андешаҳояшонро иброз намуданд.
Дар кори ҷаласа инчунин намояндагони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарони ташкилотҳои пудратӣ иштирок намуда, пешниҳодҳо карданд, ки он аз тарафи роҳбарияти Мудирият хуб пазируфта шуд.
Баъд аз музокироту муҳокимарониҳои иштирокчиён директори Мудирият Манучеҳр Ҷамилзода ҷаласаро ҷамъбаст намуда, нисбат ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолии соли 2018 вазифаҳо гузошт.