Давлатҳои узви CASA-1000 дар бораи анҷоми корҳои таҳқиқотии лоиҳа ҳисобот доданд

Анҷоми корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, иҷрои саривақтии чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ, истеҳсоли сифатноки таҷҳизот, механизми пешниҳоди кафолати шарикони рушд ба кишварҳои аъзои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, татбиқи стратегияи алоқа бо ҷомеа ва таъсиси Кумитаи татбиқи Лоиҳа аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои лоиҳа аз қабили Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии Рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Департаменти давлатии ИМА, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва  коршиносони Барномаи минтақавӣ оид ба ҳамкории энергетикӣ (Energy Links) ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа аз ҷониби ҳайати мамлакат вобаста ба рафти татбиқи қисматҳои тоҷикистонии лоиҳа, аз ҷумла ҷиҳати дар муҳлатҳои муйянгардида пардохт гардидани маблағҳои пешпардохт ба пудратчиён, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардидани қитъаи замин барои сохтмони зеристгоҳҳои конверторӣ ва электродии лоиҳа, анҷом ёфтани таҳқиқоти геологӣ дар мавзеи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ, дар марҳилаи анҷом қарор доштани таҳияи ҳисобот оид ба таъсири лоиҳа ба ҳифзи муҳити зист, дар марҳилаи анҷом қарор доштани  корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ дар самти бунёди хатҳои интиқоли барқи ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда ва оғоз гардидани истеҳсоли таҷҳизот, такягоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ дар корхонаҳои истеҳсолкунанда иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои ҳайатҳои дигар кишварҳои аъзои лоиҳа, ҷараёни корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, иҷрои чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ, ҷудо намудани қитъаҳои зарурии замин барои бунёди инфрасохтори зарурии лоиҳа идома доранд.

Аз ҷумла, дар қисмати афғонистонии лоиҳа корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқоти геологӣ, озмоишҳои техникии такягоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ ба анҷом расонида шуда, то ин муддат як қисми такягоҳҳо ва ноқилҳои барқӣ ба мавзеъҳои сохтмонӣ ворид гардидаанд.

Вобаста ба бунёди зеристгоҳи конверторӣ дар ҳудуди Покистон айни замон қитъаи зарурии замин ҷудо гардида, иҷрои чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ оғоз гардиданд.

Дар қисмати қирғизистонии лоиҳа корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ ва иҷрои чорабиниҳои экологию иҷтимоӣ идома доранд. Дар маҷмӯъ, иттилоъ дода шуд, ки кишварҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни татбиқи қисматҳои лоиҳа бо истифода аз тамоми имконият ва механизмҳои мавҷуда тадбирандешӣ намуда истодаанд.

Дар ҷаласа паҳлуҳои мухталифи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои таъмини татбиқи саривақтии Лоиҳа қарорҳои зарурӣ қабул намуданд.

Бо мақсади иҷрои талаботи Созишномаи генералии лоиҳа ҷиҳати таъмини назорати доимӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳа аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии лоиҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: