Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба Тоҷикистон омад

Имрӯз ҳайати коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Инчунин имрӯз вохӯрии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дар назар аст.

АКС: © РИА Новости / Саид Старнаев/ аз бойгонӣ
АМИТ «Ховар»

Tags: