Ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад

Дирӯз дар Теҳрон ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲШ/ (Economic Cooperation Organization /ECO/) таҳти раисии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон Неъматулло Эмомзода  оғоз ёфт.

Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба уҳда дошта, инчунин ба он намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва иқтисоду савдои мамлакат шомил мебошанд.

Назар ба иттилои коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар ҷамъомад дар доираи ҷаласаҳои кумитаҳои соҳавӣ як зумра масъалаҳои муҳиму мубрами фаъолияти СҲШ,  аз ҷумла банақшагирии фаъолияти он дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲШ то 20 декабр идома хоҳад ёфт.

АМИТ«Ховар»

Tags: