Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҷиҳати иштирок дар Саммити МҲТБО ба Душанбе ташриф овард

Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Қосим-Жомарт Токаев дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: